ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Ин матлабро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” доир гардид, зикр кард.
Фаррух Ҳамрализода таъкид доштааст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок дар маҷмӯъ 109 имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуда, танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил дод, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ, аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.
Дар натиҷаи ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ равона шудаанд, сол аз сол афзоиш ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ин нишондиҳанда дар ҳолест, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон устувор гардида, тибқи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” Тоҷикистон чор маротиба-солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019 ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.
Гуфта шудааст, ки дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба ислоҳот вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, имконоти нави сармоягузорӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат монеаю мушкилоти соҳибкориву сармоягузорӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо матраҳ гардид.
Инчунин вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ба соҳибкории хурду миёна дар мамлакат, лоиҳаи "Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030", идоракунии корпоративӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Дар ҳамин ҷамъомад таъкид гардид, ки намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имконоти худро равона намуда, барои дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ саъю талош намуда, саҳми назаррас мегузоранд.