Раҳмон гуфт, чаро Камоли Хуҷандӣ маҳз Табрезро ҷойи зист интихоб кард

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиндагии шоири шаҳир Камол Хуҷандӣ нақл карда, гуфт, чаро Камоли Хуҷандӣ маҳз Табрезро чун ҷойи зист интихоб кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ гуфт, яке аз сабабҳои интихоби ин макон тоҷикнишин будани шаҳр аст.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, ҳаёту фаъолияти сухансаро ба замони хеле пурталотуми сиёсӣ ва нооромиҳои иҷтимоӣ рост омад.

"Чунонки аз осори таърихии асримиёнагӣ бармеояд, дар асри XIV дар сарзамини Мовароуннаҳр парокандагии сиёсӣ падид омада, дар натиҷа дар гӯшаҳои гуногуни он суботу оромӣ аз байн рафта будааст".

Ба нақли президент, чунин вазъи номусоиди сиёсӣ боис мегардад, ки дар нимаи дуюми асри XIV бисёр шоирон ва олимону нависандагон маҷбур шудаанд дар ҷустуҷӯи гӯшаи амну ором қаламрави Мовароуннаҳрро тарк карда, ҷойҳои дигарро макони истиқомат ихтиёр намоянд.

Ҳаимн тавр, Камоли Хуҷандӣ низ тарки зодгоҳ карда, Табрезро ҷойи зист интихоб менамояд.

"Сабаби аз ҷониби Камол ҳамчун макони зист пазируфта шудани ин шаҳр чаҳор омил мебошад: якум, аз ҷиҳати амну осоиш Табрез машҳур шуда буд; дигар, ин шаҳр дар он даврон яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва адабӣ ба ҳисоб мерафт; сеюм, яке аз шохаҳои Шоҳроҳи абрешим аз ин мавзеъ мегузашт ва он ҷо маҳалли робита ва омезиши тамаддунҳои гуногун гардида буд. Чаҳорум, аҳолии асосии Табрезро тоҷикон ташкил мекарданд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — "Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд".

Нашри “Дафтари ишқ” – китоби шеърҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ

Яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд.

Камол шаҳри Табрез ва табрезиёни ҳунармандро дӯст медошт.

Он ҷо издивоҷ карда, соҳиби якчанд фарзанд шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш хотирнишон кард, ки дар баробари ифтихор доштан бо мероси пурғановати Камол Хуҷандӣ, ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем.

Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад.