Камомади 47 миллион долларии буҷаи давлатии Тоҷикистон

Бино бар иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 миллиарду 505,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин танҳо 96,7 дар сади нақша мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ин давра 500 миллион сомонӣ (ҳудуди 47 миллион доллар)-и банақшагирифташуда ворид нагардид, хабар медиҳад оҷонсии "Авеста" дар истинод ба Вазорати молияи кишвар.

Нигаронии Раҳмон аз иҷро нашудани барномаҳо, буҷа ва андоз дар Шаҳритус
Ҳамин тавр, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ аз моҳи январ то сентябр 16 миллиарду 505,9 миллион сомонӣ (1,5 миллиард доллар)-ро ташкил дод, ки 96,7 дар сади нақша мебошад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ҳиссаи андоз дар даромади умумии буҷаи давлатӣ 70 дар сад бештар аст.

Вазорати молия норасоии буҷаро ба кам шудани ҳаҷми даромад аз андози асосӣ, аз ҷумла  андоз аз арзиши иловашуда, андози даромад, андоз аз фоида ва андози аксиз иртибот медиҳад.

Бо ҳамин далел, вазорат қисме аз масрафҳоро, аз ҷумла харидории техника, мошин ва таҷҳизот, таъмир ва сохтмони иншоотҳои гуногунро бозистондааст, аммо маълум нест, ки аз ин ҳисоб чӣ қадар сарфа шудааст.

Буҷа иҷро нашуд: давлат дар кадом бахшҳо хароҷотро кам кард?

Маълум аст, ки қисми масрафи буҷаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 бештар аз 13,7 миллиард сомонӣ (1,3 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ба ҳамин давраи соли 2020 ба 637,7 миллион сомонӣ (61 миллион доллар) камтар аст.