Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон 10414 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 16 октябр ба 10414 нафар расид.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"То имрӯз дар мамлакат  9393 нафар ё худ 90,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 76 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.