Дар ҳашт моҳ ба мақомоти вилояти Хатлон беш аз 27 ҳазор нафар корҷӯ муроҷиат кардааст

Мақомоти вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки аз 27 ҳазору 425 корҷӯй дар вилояти Хатлон 15 ҳазору 746 нафар, аз ҷумла беш аз 7 ҳазор зан, дар соҳаҳои гуногун бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар суҳбат ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар вилоят 215 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, дар онҳо 2004 корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок ва ба корҷӯён 21 ҳазору 691 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд.

Дар Тоҷикистон, сарфи назар аз пандемия, шумораи бекорон коҳиш ёфтааст

“Аз ин ҳисоб 3 ҳазору 277 нафар соҳиби роҳхат ва 2 ҳазору 908 кас соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ шуд”,  -таъкид дошт Файзалиода.

Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ки ба  615 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонӣ, чорводорӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд.

“Талаботи бозори меҳнат ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 1391 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт. Илова бар ин, 1084 нафар эҳтиёҷмандон, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷойи кор таъмин шуданд”, - қайд кардааст сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки 3078 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ баргашта, нафарони аз маҳбас озодшуда ва шаҳрвандони аз кор ихтисоршуда, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд.