Бе пул монданд: сармоягузорӣ ба нафти шил ба таври назаррас коҳиш ёфт

Поинравии арзиши нафт, қарзҳои бузург ва норасоии маблағгузорӣ бахши истихроҷи нафти шил (слансӣ)-и Амрикоро ба варшикастагӣ рӯ ба рӯ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Аз пандемия бузургтарин ширкатҳои Амрико бардошт карда натавонистанд. Аммо вазъи боз ҳам бадтар аз пеш аст. Ба назар мерасад, ки сармоягузорӣ ба ин соҳа дар соли равон боз ҳам ду баробар коҳиш хоҳад ёфт. Ин маънии онро дорад, ки аксарияти корхонаҳои тавони фаъолиятро дар ин бахш дигар надоранд. Чаро бахши нафти шил дар Амрико, ки қаблан пешқадам буданд, ҳоло зиндагии чандон хуб надоранд. Ин мавзӯъро РИА Новости таҳлил кардааст.

Корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо нафт барои коркард нест

Нархи арзон

Поин омадани нархҳо дар бозорҳо дар фасли баҳор итихроҷи нафти шил дар Амрикоро коҳиш дод. Арзиши нафт тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфт. Техас ба ин раванд комилан омода набуд. Дар натиҷа ширкати Parsley Energy фаъолияти беш аз 150 чоҳи истихроҷи нафтро масдуд кард. Ширкати Continental Resources истихроҷи нафтро ду баробар коҳиш дод. Аммо ширкаӣти Texland Petroleum комилан истихроҷи нафтро қатъ кард.

Моҳи апрели соли равон яке аз бузургтарин ширкатии амрикоӣ  Whiting Petroleum, ки ба истихроҷи нафти шил машғул буд, худро варшикаста эълон кард. Сипас  ширкати Нornbeck Offshore Services ва дар моҳи ширкатҳои California Resources ва Chesapeake Enеrgy низ худро варшикаста эълон намуданд. Коршиносон ҳушдор доданд, ки ин танҳо қадамҳои аввал аст ва дар давраи наздик раванди варшикастагии ширкатҳо идома хоҳад ёфт. Тибқи дурнамои ширкати Рickering Energy Partners соли равон беш аз 40 дарсади ширкатҳо, ки дар ин бахш фаъолият доранд аз варшикастагии худ эълон хоҳанд кард.    

“Нархҳои имрӯза имкон намедиҳанд ба ширкатҳои,е ки ба истихроҷи нафти шил машғуланд даромад бигиранд. Барои фоида овардан 50-60 доллар барои як бушка лозим аст. 40 доллар хеле кам аст. Ин соҳа барои сармоягузорон чандон ҷолиб нест. Ҳоло барои он, ки дар бозор бимонӣ бояд пул дошта бошӣ, аммо ҳоло ба кумаки касе умед бастан ғайри имкон аст”.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Тибқи иттилои Ожонсии байналмилалии энергетикӣ сармогузорӣ ба бахши истихроҷи нафти шил дар соли равон ду баробар то 45 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Дар соли 2019 коҳишёби тақрибан 100 миллиардро ташкил дода буд.

Дар гузориши World Energy Outlook гуфта шудааст, ки дар даҳсолаҳои наздик даромад дар ин соҳа 85 миллиард ё 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Аммо дар дурнамои ширкати машваратии Rystad Energy гуфта шудааст, ки ин бахш дар соли равон 67 миллард долларзарар мебинад.   

Ноумедии талх

Бояд қайд кард, ки имрӯз сармоягузорон ба бахши истихроҷи нафти шил чандон боварӣ надоранд. Дар охири соли 2018 аксарияти ширкатҳо ба сабаб коҳиши сармоягузориҳо бюҷеташонро ба миллиардҳо доллар коҳиш доданд. Ҳама одист – даромад нест.

Амрико маҳз бо шаровати ширкатҳои истихроҷи нафти шил ба яке аз бузургтарин кишварҳои содиркунандаи нафт табдил ёфт. Аммо онҳо бояд ҳамеша чоҳ бикананд чунки захираҳо дар чоҳҳои қабли зуд тамом мешаванд. Ба ҳамин хотир қарзҳои ширкатҳо низ афзоиш меёбад.

 Ба Русия ҳам фоида меорад: созишномаи нави нафт ОПЕК + ба нафъи ҳама аст

“Сармогузорон дарк карданд, ки ин намуди тиҷорат чандон фоиданок нест, чунки норасоии маблағро бо қарзҳо рӯйпӯш мешаванд. Дар дас сол 40 ширкати бузург дар ин бахш беш аз 200 миллиард маблағ масраф карданд, ки ин маблағ бештар аз даромади гирифтаашон аст”

Танҳо баъзе ширкатҳо дар ин самт муваффақ шуданд. Ҳазорҳо чоҳҳо нафти кам истихроҷ мекунанд. Дар натиҷа арзиши саҳмияҳои ширкатҳо поин меояд ва онҳо фурухта мешаванд. “Ин бахш дар соли равон комилан боварии сармоягузоронро аз даст доданд”, таъкид доштааст Ли Тилман раиси ширкати нафту гази Marathon Oil.    

Ҳарчи дуртар -ҳарчи бештар

тАвре рӯзномаи Financial Times навиштааст дар семоҳаи аввали соли равон ширкатҳои бузургтарини нафти шил дар ҳаҷми 26 миллард доллар зарар диданд, ки ин барои онҳо бесобиқа аст. Ин рӯзнома навиштааст, ки бояд ба варшикастагии ширкатҳо омода бошем.

Тааҷҷуб: бӯҳрони газ пас аз бӯҳрони нафт. Ояндаро чӣ итизор аст?

Гуфта шудааст, ки ин раванд бадтар аз соли 2016 хоҳад буд, дар он сол буҳрони нафтӣ ба назар мерасид. Он давра 70 ширкат худро варшикаста эълон карда буданд. Он замон ширкатҳо кучак буданд ва баъд аз худ 56 миллиард қарзро боқӣ монданд. Аммо ҳоло мо шоҳиди варшикаста шудани ширкатҳои бузург мешавем. Дар моҳи июни соли равон боз як ширкати бузурги истихроҷи нафти шил Extraction Oil & Gas аз варшикастагии худ эълон кард.

Тибқи иттилои ширкати Haynes and Boone дар ҳашт моҳи соли равон 36 ширкат бо қарзи беш аз 51 миллиард доллар аризаи варшикастагӣ доданд. Дар маҷмӯъ қарзи 25 ширкат ба 150 миллиард расидааст.

Тибқи дурнамои коршиносон агар нархи нафт боло наравад, интизор меравад 250 ширкати нафтӣ худро варшикаста эълон намоянд. Ҳоло пандеми боз авҷ мегирад ва ба назар мерасад боз арзиши нафт поин хоҳад рафт. Тибқи ширкати Deloitte дар ҳоли ҳозир бахши азими ширкатҳои нафтии Амрико алакай пардохтпазир нестанд.