Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор доштааст, ки "хатти сурх" барои Озарбойҷон ин эътироф кардани истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ аст. Ӯ гуфт дар ҳеҷ сурат тамомияти арзии Озарбойҷонро вайрон кардан мумкин нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Илҳом Алиев мегӯяд, "хатти сурх" барои Озарбойҷон ин эътирофи истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ аст. Дар ҳеҷ сурат, тамомияти арзии Озарбойҷонро вайрон кардан мумкин нест, таъид намуд ӯ дар мусоҳиба бо мудири кулли АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Кеселев.

Лавров: Русия оиди Қарабоғи Кӯҳӣ бо Туркия розӣ нест

Қаблан, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки ба рӯзномаи мақомоти Арманистон масъалаи эътирофи истиқлолияти Қарабоғ дохил мешавад, бояд ин масъаларо ҷиддӣ баррасӣ кард ва мубоҳисаҳои оммавӣ баргузор кард. 

Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Сарвазир қаблан дар бораи таҳдиди бӯҳрони башардӯстона дар минтақаи низои Қарабоғ ҳушдор дода буд ва илова карда буд, ки эътирофи ҳуқуқи худмуайянкунии ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ барои пешгирии чунин вазъият, мусоидат хоҳад кард.

"Дар мавриди "хатҳои сурх" мо инро хеле возеҳ изҳор кардем ва ҳамраисони Гурӯҳи Минск инро хуб медонанд: дар ҳеҷ сурат тамомияти арзии Озарбойҷон вайрон карда намешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ Озарбойҷон ба истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ розӣ намешавад", - таъкид намуд Алиев дар ҷараёни мусоҳиба бо мудири кулли АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Кеселев.

Ошӯбҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 27 - уми сентябр шурӯъ шуд.

Арманистон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар ташанниҷ шудани вазъ айбдор мекунанд. Дар Қарабоғ бошад, аз тирборон шудани манзилҳои зист ва иншоотҳои дигар хабар дода мешавад. Арманистон нахустин шуда вазъи ҳарбиро эълон кард ва аз дахолати қабеҳи Туркия дар ин масъала таъкид намуд.

Дар Озарбойҷон бошад, вазъияти ҳарбии сартосарӣ эълон нашуд.

Жириновский гуфт, чаро низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хотима намеёбад

Зимнан, рӯзи 9 - уми октябр ба шаҳри Маскав бо даъвати кишвардори Русия Владимир Путин, сарони Вазоратҳои умури хориҷаи Арманистону Озарбойҷон ташриф оварданд.

Дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ, ҳар ду ҷониб тӯли 10 соат гуфтушунидҳо баргузор намуданд. Дар фарҷом, Арманистону Озарбойҷон ба мувофиқа расиданд, ки сар аз 10 - уми октябр оташбас эълон мекунанд. Аммо рӯзи шанбе ҷонибҳо боз ҳамдигарро дар нақзи оташбас муттаҳам карданд.

Низоъ дар Қарабоғ соли 1988, вақте оғоз ёфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ аз тасмими хориҷ шудан аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ хабар дод. Дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона дар солҳои 1992-1994 Озарбойҷон назорати Карабоғи Кӯҳӣ ва ҳафт минтақаи ҳамсояро аз даст дод. Аз соли 1992 инҷониб гуфтушунидҳо оид ба ҳалли мусолиматомези муноқиша дар доираи Гурӯҳи Минскии САҲА бо роҳбарии се ҳамраис - Русия, Амрико ва Фаронса идома доранд. Озарбойҷон исрор дорад, ки тамомияти арзии худро ҳифз кунад, Арманистон манфиатҳои ҷумҳурии эътирофнашударо ҳимоя мекунад.