ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Дар шаҳристони Тахти Сангин аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои хеле нодир, ба мисли гӯшвори тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ин бозёфтҳо феълан мавриди омӯзиши бостоншиносон қарор доранд.
Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд
"Ин мавзеи таърихӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад", - менависад манбаъ.
Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.
Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад