Рӯзноманигорон сарвари Кохи Сафедро дар популизм айбдор карданд. Чун ӯ қаблан низ ваъда дод, сарбозони ИМА-ро ба хона меораду даргириҳои нолозимро хотима мебахшад. Аммо дар аҳди раёсати Доналд Трамп теъдоди нерӯҳои низомии ИМА дар Шарқи Наздик кам нашуд.
Доналд Трамп ваъдаҳояшро иҷро намекунад, навиштааст нашрияи маъруфи “Ню-Йорк таймс”. Рӯзноманигорон нияти раисиҷумҳур барои баровардани нерӯҳои ИМА аз Афғонистонро зикр карданд ва ба хулоса омаданд, ки вазъи баргардондани сарбозон ба Ватан аз воқеият дур аст.
Феълан дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ чун пештара 10 ҳазор низомии амрикоӣ мавҷуданд, тақрибан ҳамон қадаре, ки дар охири раёсати Барак Обама буд
Дар аҳди Трамп, ИМА ва созмони террористии “Толибон” созишнома бастанд, ки тибқи он ИМА уҳдадор шуд, нерӯҳояшро аз қаламрави Афғонистон берун орад, агар ифротиҳо оташбас ва дигар тавофуқотро риоя намоянд. Аммо феълан ягон ҷониб созишро иҷро намекунад.
Доналд Трамп дар твиттер боз азмаш барои баргардондани сарбозонро таъкид кард. Аммо дар нашрияи “Ню-Йорк таймс” сарвари Кохи Сафедро популист гуфтанд ва ва ҳамаи ин изҳороташро ба интихоботи оянда марбут донистанд.
Ҳанӯз дар маъракаи пешазинтихоботии гузашта Трамп гуфт, даргириҳои нолозим ба ИМА-ро қатъ ва низомиёнро ба хонаҳояшон меорад. Аммо маҳз дар замони раёсаташ муносибот бо Ирон боз шиддат гирифтанд ва бар хилофи гуфтаҳои роҳбари ИМА, ҳузури низомии ИМА дар Шарқи Наздик баръакс афзоиш ёфт.