ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, рақобати финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18 октябр доир мешавад.
Ба иттилои манбаъ, рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бидуни тамошобинон соати 14:00 доир мешавад.
То расидан ба финал "Равшан" -и Кӯлоб бар "Ҳулбук" (3: 2), "Панҷшер" (3: 2), "Истиқлол" (4: 2) ва "Регар-ТадАЗ" (1: 0) ғолиб омад.
“Хатлон”-и Бохтар бошад, тимҳои Файзканд (2: 1), Эсхата (1: 0) ва Истаравшанро (2: 0) шикаст дода, ба ин зина расид.
Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд
Ёдовар мешавем, ҳабдаҳ сол пеш (2003) тимҳои мазкур дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат карданд.