Беш аз 20 ҳазор ҷаримаи як мансабдори ҳукумати Суғд: маъракаи сандуқбарон барпо намудааст

Саидҷон Ваҳҳобзода, мудири шуъбаи хоҷагии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, барои нақзи қарор ва қонуни танзими анъана 22 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дар ин бора, Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд ахиран дар ҷаласае, ки риояи қонунгузорӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баррасӣ карда мешуд, иттилоъ додааст.

Президент хост, ҷарима зиёд карда шавад: нигаронӣ аз бархе мансабдорон, муллоҳо ва тоҷирон

"Мудири шуъбаи хоҷагии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Ваҳҳобзода бар хилофи қарору қонуни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал намуда, 14 - уми августи соли 2020 дар манзили истиқоматиаш пеш аз барпо намудани тӯйи арӯсии духтараш, маъракаи сандуқбаронро бо иштироки 30 нафар меҳмонон баргузор намудааст", - гуфтааст прокурор.

Бар пояи иттилоъи прокурор, нисбати Саидҷон Ваҳҳобзода бо моддаи 481 қисми 1 и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвадаи маъмурӣ оғоз гардида, бо қарори суд ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.

Масъулони Идораи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти матбуотии фаъолияти нимсолаи якуми ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар пайи иҷро накардани талаботҳои Қонуни танзим 74 парванда нисбати сокинони Суғд, тартиб ва аз ҷониби судҳо ба маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шудааст.

Ҳушдор ба мансабдорон: мудири мактабро барои тӯйи писараш 27 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Аюбҷон Саъдуллозода, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд таъкид намуда буд, ки дар давраи шаш моҳи соли ҷорӣ, ҳеҷ мавриди қонуншикании афроди мансабдор дар ҳангоми баргузор намудани туйу маърака ба қайд гирифта нашудааст.