Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон чигуна ҷараён дорад - акс

Sputnik

Дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат дар интихоботи президентӣ
Ин дафъа шиносномаи сурх надод: Раҳмон бо кадом ҳуҷҷат ба интихобот омаду чӣ гуфт?-акс

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Қабл аз оғоз шудани кори ҳавзаҳои интихоботӣ, овоздиҳандаҳо аллакай дар берун навбатпоӣ мекарданд.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Чун интихоботи президентӣ дар замони пандемия сурат гирифт, аз ин рӯ, интихобкунандагон дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта, қабл аз вориди толори овоздиҳӣ шудан, дар берун намояндагони тандурустӣ ҳарорати бадани онҳоро месанҷиданд.

Маълум аст, ки то ҳол 70 дарсади шаҳрвандон баҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй гузоштанд.

Бар тибқи қавонини кишвар, роҳбари  давлат акнун барои 7 соли оянда интихоб мешавад.