Навбатпоӣ аз соати 6: Тоҷикистон президенти навашро интихоб мекунад - навор

Тоҷикистон имрӯз дар шароити пандемия бо риояи тамоми тадобири пешгирикунанда, маъракаи интихоботи президентиро баргузор намуд
Sputnik

Дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Аз Абу - Забӣ то Вашингтон: ВУХ аз иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар интихобот хабар дод

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

КМИР гуфт, беш аз 20,7% -и овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд

То кунун дар маъраки овоздиҳӣ, раҳбари феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, рақиби ӯ Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустами Эмомалӣ ва собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои котиботи президент, иштирок ва овоздиҳии раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.