Дар интихоботи президентӣ ягон маризи коронавирус нафавтид

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон маризи коронавирус нафавтид, аммо 42 мавриди нави мубталошавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар рӯзи интихоботи президентӣ ягон маризи коронавирус фавт накард, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон - омори вазорат

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар кишвар 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт гардид.

Манбаъ меафзояд, аз 30 апрел то 11 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10222 нафар расидааст. Ҳамзамон аз ин беморӣ дасти кам 79 нафар ҷон аз даст доданд.

Афзоиши дардмандони коронавирус дар Қирғизистон

Шумораи шифоёфтагон дар Тоҷикистон ба  9058 нафар баробар шудааст.

"Шабонарӯзи охир 41 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, оддитарин қоидаҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин маризӣ, ки нигоҳ доштани тозагии шахсӣ мебошад, ҷиддан риоя намоянд.