Бо ниқобу дастпӯш: интихоботи президентӣ дар кишварҳои хориҷ чӣ гуна мегузарад - акс

Sputnik

Ҳавзаҳои интихоботии дар кишварҳои хориҷа созмонёфта дар баробари ифтитоҳ шудани кори участкаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон, фаъолияташонро аз соати 06:00 дақиқа маҳаллияшон шурӯъ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат дар интихоботи президентӣ
Ин дафъа шиносномаи сурх надод: Раҳмон бо кадом ҳуҷҷат ба интихобот омаду чӣ гуфт?-акс

Тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашхобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Маскав, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Порис, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод  имкон доранд дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат варзанд.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Дар тасвирбаёни омодакардаи Sputnik Тоҷикистон раванди баргузоршавии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар якчанд кишварҳо, аз қабили Кувайт, Ҷопон, Ӯзбекистону Туркия, Қатару Арабистон, Санкт - Петербург ва чанд давлати дигар гирд овардем.

Интихобот дар кишварҳои хориҷ низ бо риояи тадобири бехатарӣ баргузор шуда истодааст. Интихобкунандагон бо дастпӯшу ниқоб ҳозири ҳавзаҳои интихоботӣ шуда, риjя кардани фосилаи иҷтимоиро низ фаромӯш намекунанд.