На Путину на Трамп: барномаи Ҷаҳонии Ғизо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

Кумитаи Нобел ҷоизаи сулҳи худ барои соли 2020 - ро ба Барномаи Ҷаҳонии Ғизо (WFP) вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид эҳдо кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Кумитаи Нобел далели ин интихобро талошҳои Барномаи Ҷаҳонии Ғизо барои мубориза бо гуруснагӣ дар манотиқи ҷангзадаву ҳамчунин кумак ба беҳбудии шароит ва барқарории сулҳ дар ин манотиқ эълом кард, иттилоъ хабаргузории “Форс”.

Пешниҳоди Владимир Путин ба ҷоизаи Нобел

Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Владимир Путин раисҷумҳурии Русия, Герта Тонберг, фаъоли шведии муҳити зист ва Ҷосинда Орден, нахуствазири Ню –Зелланд аз дигар номздҳое буданд, шанси болое барои дарёфти ин ҷоиза доштанд.

Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, ки соли 1963 эҷод шуда, солона дар 83 кишвар ва ба беш аз 86 миллион инсон дар саросари дунё кумакрасонӣ мекунад.

Ин созмон кумакҳои ғизоиро дар шароити изтирорӣ тавзнъ мекунад ва бо ҳамкории ҷавомеи маҳаллӣ барои беҳбуди тағзия ва инъитофпазирии онҳо талош мекунад.