“Рӯзи хомушӣ”-и пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон

Як рӯз қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон, аз ҷониби КМИР рӯзи хомӯшӣ эълон шуда, бар асоси қонун ҳама гуна таблиғу ташвиқот манъ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад.

Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд.

Интихобот-2020: ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия

Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон паҳн шудани маводи таблиғотии даъват ба овоздиҳӣ ва маводи шарҳу тавзеҳи тартиб ва макони овоздиҳиро манъ намекунад.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф овардаанд.

Ҳамчунин дар ин маъракаи муҳими сиёсии Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.