Grand Slam Hungary охири октябр баргузор мешавад: аз Тоҷикистон киҳо мераванд?

Федератсияи байналмилалии ҷудо баъди 7 моҳи таъхир баргузории мусобиқаи Гранд слами Венгрияро охири моҳи октябр дар шаҳри Будапешт тасдиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер хабар дод, ки баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ аст.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 649 варзишгар аз 81 давлат иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ба Будапешт сафарбар хоҳанд шуд.