Шикояти шоири тоҷик аз “дуздӣ” – и ашъораш дар фазои маҷозии Эрону Афғонистон

Фирдавси Аъзам, шоири ҷавон ва маъруфи тоҷик, беш аз сад мавриди сирқати ашъораш аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Эрону Афғонистонро кашф кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ғазалҳояш дар шабакаҳои маҷозии форсизабон - блогҳо, гуруҳҳои телегромӣ, саҳифаҳои фейсбук ва ғайра даст ба даст мешаванд, аммо номи муаллиф зикр намегардад. “Як ғазалам ба номи “Шаҳриёр” беш аз ҳама чунин сарнавиштро таҷриба мекунад.

“Дуздон” корбарони маъмулии шабакаҳоянд. Агар шоир мебуданд, даст ба чунин кор намезаданд. Дӯстдорони шеъру адабиётанд”, - гуфт Фирдавси Аъзам.

Ба қавли шоир, бештар аз ҳама ғазалҳояш - “Ноз кун, ширинғазал, бас ноз дорад чашми ту”, “Айвони ман тиҳист, парасту биёваред”, “Бо нигоҳат боз шеъри беҳисоб овардаӣ”, “Бо ёди ту ҳар лаҳзаи пойиз қашанг аст”, “Дилам гирифт, дилам мурд аз ҳавои шумо” ва ғайраро корбарони шабакаҳои маҷозии Эрону Афғонистон аз номи худ нашр мекунанд. Ба қавли ӯ, гоҳҳо корбарон аз сафҳаҳои як корбари дигар ғазали ӯро ба иштирок гузошта, ҳамон корбарро муаллифи ғазал муаррифӣ мекунанд.

Тарҷумаи девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ ба муносибати 700-солагии шоир

“Аммо гоҳе, масалан, мудирони гуруҳҳои телеграмӣ ҳамин шеърро мефиристанду мегӯянд ин воқеан аз Шумост? Ин иттифоқ, албатта, ба шеърҳои шоирони дигар ҳам рабт дорад. Фақат ман инҷо, ба истилоҳ, қурбонӣ нестам”, - гуфт Фирдавси Аъзам.

Дар ҳамин ҳол, ин аввалин мавриди сирқати ашъори Фирдавси Аъзам нест, ки расонаӣ мешавад. Соли 2016 як шоири эронӣ ба номи Ҳусайн Заввор се ғазали ӯро бо номи худ дар сафҳаи “Телеграм” – аш нашр карда, дар гуруҳҳо ба иштирок гузошта буд. Мавсуф пас аз эътирози Фирдавси Аъзам ин ғазалҳоро аз сафҳааш пок карда буд.

Шоири тоҷик мегӯяд, алайҳи сирқатҳои корбароне, ки ашъорашро ба номи худ нашр мекунад, ҳеҷ аҳроми фишор надорад ва танҳо аз онҳо хоҳиш мекунад, ки аз ин кор худдорӣ кунанд ё ғазалҳоро ба номи муаллифи аслиаш нашр намоянд.

Фирдавси Аъзам, шоири ҷавони тоҷик аст, ки ҳоло ба  Аврупо ҳиҷрат кардааст. То ба ҳол ӯ се маҷмуаи ашъорашро ба унвонҳои “Абрҳои обӣ”, “Як бағал ғазал”, “Ойини ойина” ва як маҷмӯаи ҳикояҳояш “Навҳаи доркӯб” – ро ба чоп расондааст.