ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Садир Жопаров сарвазири нави Қирғизистон интихоб шуд. Номбурда шаби 6 - уми октябр тоза аз зиндон ба озодӣ баромада буд, хабар медиҳад Sputnik Кыргызстан.
Сарвазири собиқ Кубатбек Боронов пас аз эътирозҳои густурдаи мардум аз мансаб истеъфо дод.
Жапаров ҳанӯз соли 2013 бо иттиҳоми гаравгонгирӣ дар ошӯбҳои хунини он сол зиндонӣ шуда буд.
Зимнан, Раиси нави парлумони Қирғизистон рӯзи сешанбе вакили фраксияи "Бир Бол" Миктибек Абдилдаев интихоб шуд. Вай дар ин симмат Дастанбек Ҷумабековро иваз кард, ки номбурда низ дар пасманзари эътирозҳо дар кишвар истеъфо дод.
Истеъфои раиси парлумони Қирғизистон зимни ҷаласа дар меҳмонхона
Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.
Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 - и октябр КМИ ҶҚ натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.