ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, аввалин мусобиқаи лигаи ҳендболи Тоҷикистон-2020 бо пирӯзии дастаи “Душанбе” анҷом ёфт.
“Пас аз натиҷагирии 14 даври бозиҳо дастаи “Душанбе” дар ҳамаи вохӯриҳо пирӯз гардида, аз 28 холи мумкин 28 хол ба даст овард”, - таъкид кард Кумита.
Манбаъ афзуд, дастаи “Душанбе” дар даври ҷамъбастӣ бар тими “Скиф”, ки бо 24 хол ҷои дуюмро ишғол намуд, бо ҳисоби 29:27 ғалаба кард. Ҷои сеюм бо 20 хол насиби дастаи “Парвоз” шуд, ки дар даври 14-ум тими “Сокол”-ро мағлуб намуд (30:21).
Сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон инчунин радабандии тимҳои ҳендболи ҷумҳуриро нашр кардааст, ки бар асоси дар сархат “Душанбе” дар пайи он “Скиф”, сипас “Парвоз”, “Пагранчӣ”, “Ҳисор”, “Сарез”, “Марко Поло” ва “Сокол” ҷой гирифтанд.