Меҳмонхонаҳои Панҷакент ба системаи ҷаҳонии иҷорагирии Booking дохил шудаанд

Якбора якчанд меҳмонхонаҳои Панҷакент ба системаи мҷорагирии (бронкунӣ) меҳмонхонаҳои ҷаҳон Booking.com дохил карда шуданд, ки сайёҳон метавонанд ҳуҷраи дӯстдоштаи худро пешакӣ фармоиш диҳанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Панҷакент аввалин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки ба системаи ҷаҳонии иҷорагирии ҷмеҳмонхонаҳо Booking.com дохил карда шудааст.

Ба ин рӯйхат меҳмонхонаҳои "Зарафшон", Hotel SUGD & Guest House, Umariyon шомил шудаанд, ки дар он метавон ҳар як ҳуҷраро барои санаи муносиб банд кард, инчунин рейтинги онҳоро диду шарҳҳо дар бораи ононро хонд.

Ғайр аз ин, Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба 22 ширкати сайёҳии вилояти Суғд барои хизматрасонӣ иҷозатнома додааст.

Дар баробари онҳо, хадамоти сайёҳӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои сайёҳии Зарафшон”, 14 меҳмонхона, 22 хонаи меҳмонон, истгоҳи кӯҳнавардии “Артуч” ва истгоҳи сайёҳии “Марғзор”, ки дар ҳудуди кӯли шашуми кӯлҳои Марғузор дар водии Ҳафткул ҷойгиранд, пешниҳод карда мешаванд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт

Ҳамин тавр, тибқи омор, соли гузашта тақрибан 73 ҳазор сайёҳ аз Панҷакент дидан карданд, ки беш аз нисфашон - 34 ҳазор нафарашон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ буданд.

Бо назардошти шароити табиӣ ва сайёҳӣ, Панҷакент метавонад солона то 200 ҳазор сайёҳро қабул кунад. Шаҳр дорои ҷойҳои зебо, ёдгориҳои меъморӣ, минтақаҳои аҷиби истироҳатӣ дар соҳили дарёи Зарафшон мебошад.

Ҳоло дар қаламрави Панҷакенти бостонӣ 350 ёдгории таърихӣ, Кӯли калон, Ҳафткӯл ва бисёр дигар биноҳои таърихӣ мавҷуданд.

Ёдовар мешавем, Booking.com системаи иҷорагии (бронкунӣ) меҳмонхонаҳо тариқи онлайн аст, ки соли 1996 дар Амстердам таъсис ёфтааст.

Сайёҳони кадом кишвар бештар ба Тоҷикистон меоянд?

Имрӯз пойгоҳ тақрибан ду миллион меҳмонхонаҳои сатҳи гуногунро тақрибан дар 300 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.