Ишкошимро заминҷунбии 4,1 - балла ларзонд

Дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошим заминларза ба қайд гирифта шуд, ки шиддати он то Покистони ҳамсоя низ эҳсос мешуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дишаб дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупову Миёназамин.

Бадахшонро заминларза такон дод: маркази заминҷунбӣ 19 километр дуртар аз Хоруғ буд

Ба иттилои манбаъ, заминларза бо шиддати 4,1 дараҷа соати 2:25 дақиқа ба вақти Душанбе, 7 октябр дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ рух додааст.
Макони заминҷунбӣ ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар умқи 107 километр рух додааст.

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

То ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумот зери даст нест.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи қаблӣ низ дар шарқи Тоҷикистон, вале аллакай дар наздикии Мурғоб рух дода буд. Шиддати он то Шинҷон-Уйғури Чин эҳсос карда шуд. Он замон қувваи заминларза ба 4,5 - дараҷа баробар шуд.