Хатарнок аст: Раҳмон ва парлумон ҷои МОИ “Кӯлоб”-ро иваз карданд

Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро ба далели хатари обхезӣ тағйир доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, муайян гардид, ки баландшавии сатҳи дарёи Ёхсу ва обхезиҳои қаблан рӯйдода ба як қисми майдони минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, ки дар оянда ба фаъолият ва рушди МОИ таъсири манфӣ мерасонад.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз тағйири нақшаи МОИ “Кӯлоб” ҷонибдорӣ карда, қарор қабул шуд, ки аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” дар майдони 309,32 гектар замин ҷудо карда шавад. Ин майдони нав дар масофаи 1,3 километр болотар аз ҳудуди мавҷуда қарор дорад.

"Кӯлоб" мекӯчад: заминсупорӣ баъди ҳосилғундорӣ

Ҳукумат охири моҳи август ва парлумони ҳафтаи гузашта қарори ба маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” додани майдони умумии 309,32 гектарро ба тасвиб расонд, хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Кӯлоб вазифадор гардидаанд, ба ивази заминҳои гирифташуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ заминҳои баробарарзиш пешниҳод намояд.  Таъкид шудааст, ки қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” танҳо баъди гирифтани ҳосили рӯёнидашуда, дода шаванд.