Истеъфои сарвазир ва раиси парлумони Қирғизистон дар меҳмонхона

Қубодбек Боронов дар пасманзари эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4 октябр аз мақоми сарвазири Қирғизистон истеъфо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Қубодбек Боронов зимни ҷаласаи парлумон дар меҳмонхонаи “Достук” аз мақомаш истеъфо додааст. Таъкид шудаст, ки ӯ ихтиёран аз мақомаш рафтаст. Ба иттилои расмӣ, Садир Жапаров аз ҳизби мухолифи "Мекенчил" сарвазири нави Қирғизистон шудааст.

Истеъфои раиси парлумони Қирғизистон зимни ҷаласа дар меҳмонхона

Инчунин Дастон Ҷумабеков дар ҷаласаи ғайринавбатии Жогорку Кенеш аз мақомаш истеъфо дод, хабар дод ноиби раиси парлумони Қирғизистон, Мирлан Боқиров.

Ҷаласаи парлумон дар меҳмонхонаи "Достук" баргузор шуд, чун бинои Жогорку Кенеш аз ҷониби муътаризон ғасб шуда, он ҷо сӯхтор рух дода буд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар майдони Ала-Тоо баъди эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4 ноябр оғоз гардида, бо ғасби биноҳои асосии давлатии Қирғизистон анҷомид.

Ҳакимов гуфт, дар Тоҷикистон пас аз интихобот амалҳои эътирозӣ ғайриимкон аст

Дар натиҷа Комиссияи марказии интихобот натиҷаи интихоботи парлумонии 4 октябрро бекор кард. Эътирози оммавӣ дар Қирғизистон баъди эълони натиҷаҳои парлумонии 4 октябр оғоз шуданд. Иштироки овоздиҳандагон 56,5 фоиз арзёбӣ шуд.

Отамбоев мариз аст ва назди ҷонибдоронаш натавонист ҳозир шавад

Дар пайи ҳисоби 98 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ КМИ эълон кард, ки ба парлумон чор ҳизб "Биримдик" – “Ваҳдат", "Мекеним Қирғизистон" - "Ватанам Қирғизистон", "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" роҳ ёфтанд. Аҳзоби дигар ба гузориши КМИ натавонистанд, ҳадди 7-фоизиро убур намоянд.