Дар Қирғизистон интихобот баргузор шуд: ҳизбҳои сиёсӣ ва мардум боз норозӣ

Дар интихоботи порлумонии ахири Қирғизистон аз 16 ҳизби сиёсӣ танҳо чаҳор ҳизб тавонистанд, раъйи заруриеро ба даст оранд, ки барои ворид шудан ба порлумон лозим аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба нақл аз Sputnik Қирғизистон, дар интихоботе, ки ахиран баргузор шуд чаҳор ҳизби сиёсӣ “Биримдик”, “Мекеним Қирғизистон”, “Қирғизистон” ва “Бутун Қирғизистон” ба парлумон роҳ ёфтанд.

Жээнбеков аз мушкили бузурге гуфт, ки имрӯзҳо ӯро азият медиҳад

Манбаъ таъкид доштааст, ки ду ҳизб - "Бир Бол" ва "Ота Макон", ки дар порлумони пешин нақши мухолифи давлатро мебозиданд, ба иттилои расмӣ, дар ин интихобот натавонистанд раъйи лозимиро ба даст оранд.

Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд. Дар он 16 ҳизб рақобат карданд. Тиқби иттилои пешакӣ, ба порлумони Қирғизистон танҳо чор ҳизб - "Биримдик" (24.52%), "Мекеним Қирғизистон" (23.91%), "Қирғизистон" (8.74%) ва "Бутун Қирғизистон" (7.08%) роҳ ёфтанд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзҳои наздик эълом хоҳад шуд.

Мухолифон алакай эълон карданд, ки натиҷаҳои ин интихоботро қабул надорадн ва таъкид доштанд, барои қонуншиканиҳо дар интихобот тазоҳурот баргузор хоҳанд кард.

Субҳи имрӯз дар майдони Ала-Тоо шаҳри Бишкек сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихобот ба тазоҳурот даст заданд. Мардум аз мақомот талаб доранд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор кунанд. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки ба парлумони кишвар роҳ наёфтанд, эълон намуданд, ки барои бекор кардани натиҷаҳои интихобт нируҳои худро якҷо хоҳан кард.