Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни фавт ва 39 маризи нав: вазорат омори ҷадиди коронавирусро эълон кард

Дар Тоҷикистон рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Коронавирус боз ҷони як табиби ҳозиқи тоҷикро гирифт: ҳамагӣ 44 - сол умр дошт

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар кишвар 39 мавриди ҷадиди сироятшавӣ ба ин дард сабт гардид. Ҳамзамон 45 нафар шифоёфта, аз дармонгоҳҳои кишвар мураххас шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон аз нахустин замони авҷ гирифтани ин беморӣ, дасти кам 9 974 нафарсироят шуда, 8 794 бемор комилан шифо ёфтанд.

Русия ба дунболи мавҷи нави коронавирус шояд дубора марзҳояшро бандад

Зимнан, вируси COVID - 19 ҷони 78 маризро рабуд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар расонаҳои дохилӣ хабари марги пизишки тоҷик, ҷарроҳӣ ҳирфаӣ, Икром Болтабоев расонаӣ шуд.

Бар хабари расонаҳо, марҳум моҳи сентябр гирифтори коронавирус шуда, муддате ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуд, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг наҷот диҳанд.