ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп нома равон карда дар он ба кишвардор ва ҳамсараш саломатӣ орзу кардааст.
"Гирифтории Шумо ва хонум Мелания Трампро бо нигаронии зиёд қабул кардам. Боварӣ дорам, ки шумо дар муддати кӯтоҳтарин бар ин беморӣ пирӯз мешавед ва комилан сиҳат шуда, фаъолияти масъули давлатиро идома медиҳед", - гуфта мешавад дар номаи Мирзиёев.
Кишвардор ба аҳли хонаводаи Трамп саломатӣ ва некуаҳволӣ таманно кард.
Раҳмон ба Трамп барқия фиристода, ба ӯву ҳамсараш шифои оҷил аз коронавирус таманно кард
Дар ин миён раҳбари Қасри Сафед Доналд Трамп чанде пеш навореро нашр кард, ки дар он аз беҳтар шудани саломатиаш ва ба зудӣ баргаштан ба фаъолияти муқаррарӣ гуфт.
Ба гуфти ӯ лаҳзае, ки ӯ ба бемористон рафт, худро бад эҳсос кард, вале алъон худро хуб эҳсос мекунад.