Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Порошенко ва духтараш мубталои коронавирус шуданд: собиқ кишвардорро ба бемористон бурданд

Собиқ раисҷумҳури Украина Петр Порошенко ва духтараш гирифтори маризии коронавирус шуданд. Собиқ раисҷумҳурро ба бемористон интиқол доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Украина Петр Порошенкоро бо илтиҳоби ҳар ду тарафи шуш ба бемористон интиқол доданд.

Хабари гирифтор шудани Порошенкоро ба вируси COVID - 19 - ро ҳамсараш Марина Порошенка расонаӣ намуд.

Коршиносон соли аввали раёсати Зеленскийро ҷамъбаст карданд

Наворе, ки дар он Марина мубтало шудани ҳамсарашро ба коронавирус таъйид кард, ҳизби "Ҳамбастагии Аврупо" дар сафҳаи Фейсбукӣ нашр намуд.

Ҳамсари содиқ кишвардори Украина изҳор дошт, ки дар баробари Петр Порошенко духтари онҳо низ дардманди коронавирус шудааст.

"Петр Алексеевичро ба яке аз дармонгоҳҳои Киев, ки он ҷо маризони коронавирусро табобат мекунанд, интиқол доданд", - афзудааст Марина.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш ҷиддан тамоми тавсияҳои пизишконро риоя мекунад.