Ташкили пойгаҳи шабона дар Душанбе: ронандаҳо боздошту ҷазо дода шуданд - навор

Ду сокини шаҳри Душанбе барои ташкили пойгаҳи ғайриқонунии шабона, эҳтимол ба муддати ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе дар асоси наворе ду ронанда, ки ҳар ду сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, боздошт намуданд.

Бар хабари котиботи РВУД дар пойтахт, 2 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрав  дар яке аз кӯчабайни ҳам пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо ин аъмолашон ба ҷони дигар шахсон хатар эъҷод карданд.

Манбаъ меафзояд, ронандаҳо Назаров Ҳабибуллои 26 - сола, сокини шаҳри Душанбе ва Шуҳратзода Шаҳроми 21 - сола, сокини пойтахт дар кӯчаи Неъмат Қарабоев пойгаҳи ғайриқонунӣ ташкил намуданд.

Соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер", ки ҷавонзанро ҳақорат карду кӯфт, боздошт шуд - навор

РВУД мегӯяд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол таҳдид мекунад.