ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. КҲФ навишт, ки дар ноҳияи Рӯшон як ноболиғ даст ба худкушӣ задааст.
Манбаъ афзуд, ки ӯ сокини маркази ноҳияи Рӯшон буда, дар синфи 9 таҳсил мекардааст.
Номбурда дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст, таъкид кардааст КҲФ. Ҷузъиёти дигари ҳодиса зикр нашудааст.
Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ду сарбоз низ зимни талоши наҷоти ӯ ғарқ шудаанд.
Бахтовар Аҳмадзода, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки яке аз сарбозон Сироҷиддин Ятимов ҳамроҳи ҳамхизматаш дар вақти навбатдории худ бо мақсади наҷоти мактабхон худро ба дарё андохтаанд, аммо об ҳамаашонро бурдааст.
Ҳазорҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худфидоии сарбозони қаҳрамони тоҷик тавсиф намуда, дар ҳаққашон дуо кардаанд.