Навори зӯран ба мошин бор кардани ҷавон: корбарон мегӯянд “облава” сар шуд-видео

Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд, ки моҳҳои октябр ва ноябр давом хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар интернет навори иҳотагирӣ ва бо зӯрӣ савори мошин кардани ҷавон дар шаҳри Душанбе нашр шудааст, ки аз ҷониби корбарон ҳамчун оғози “облава” дар даъвати нав тавзеҳ дода шудааст.

Генерал писарашро ба аскарӣ фиристод: боз киҳо?

Саҳифаи “Парвиз ТВ” бо нашри навори иҳотагирӣ, таъкид кардааст, ки ин нахустин навори “облава” дар даъвати нави тирамоҳӣ мебошад.

“Облава” мушкилест, ки солҳо дар Тоҷикистон ҷой дорад ва борҳо дар сатҳи расмӣ барои бартараф кардани он дастур дода шудаст.

Раҳмон дар бораи “облава”: ҳатто беморонро мебаранд

Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҷой доштани ба истилоҳ “облава”-ро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт карда, мебаранд. 

Назорати риояи қонун дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар соли 2019 нишон дод, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар ба иҳотагирӣ ё худ ба истилоҳ “облава” даст мезананд, изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар гузориш ба Маҷлиси миллӣ.

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

"Масъулини комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади пеш аз муҳлат иҷро кардани нақшаи даъват ба қонунвайронкунии ҷиддӣ роҳ дода, ба иҳотагирӣ даст зада, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт ва ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд", - таъкид намуд додситони кулли Тоҷикистон.

"Қаҳрамонанд": худкушии наврас ва марги 2 сарбоз дар талоши наҷот

Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дастур дода буд, ки аз қонуншиканиҳо дар маъаракаи даъвати наваскарон ҷилавгирӣ карда шавад, аммо ба гуфтаи сокинон ва наворҳои нашршуда ҳолатҳои “облава” тақрибан дар ҳар маъракаи даъват рух медиҳанд.