ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров барои кори ихтиёрӣ бо ифтихорнома ва медали президенти Русия қадрдонӣ шуд, хабар медиҳад маркази ихтиёриёни "Прорив".
Ризокорони маркази "Прорив" - и Донишгоҳи давлатии Волгоград "барои саҳми беғаразонаашон дар ташкили Аксияи Умумирусиягии кӯмаки "#МыВместе", соҳиби медали хотиравӣ шуданд.
Донишҷӯи тоҷик - яке аз ҳазорон ризокор дар тамоми манотиқи Русия ба солхӯрдагон ва мустамандон ғизо ва дору дастрас мекард.
Ҳамроҳи Азизхон боз чаҳор донишҷӯи дигари Донишгоҳи давлатии Волгоград соҳиби медалҳо шуданд. Рӯйхати ҷавононе, ки соҳиби медал шуданд аз ҷониби Ожонсии федеролӣ оид ба масолии ҷавонони Русия тасдиқ шуд.
Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум
Ёдрас мешавем, ки аксияи #МыВместе дар давраи ҳамагирии коронавирус барои дасгирии солхӯрдагон ва шаҳрвандони ниёзманду кормандони тибб равона шудааст.
Беш аз 83 ҳазор ризокор аз тамоми гӯшаю канори Русия ба ин аксия пайваста буданд ва чанд моҳи охир ба мардум хизмат намуданд.