Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Раҳмон ва Орипов нишон доданд, чӣ гуна бояд дар давраи ҳамагирӣ салом кард - видео

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо оринҷ салом карданд
Sputnik

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Қасри миллат дидору мулоқот карданд.

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

Аз навор дида мешавад, ки сиёсатмадорон на ба даст балки бо оринҷ салом мекунанд. Ин саломи давраи ҳамагирии коронавирус аст.

Зимни гуфтушунид ҳам, ҳайъати ҳарду давлат бо ниқоби тиббӣ нишастаанд. Яъне қоидаҳои беҳдоштӣ дар сатҳҳои олӣ бисёр ҷиддӣ риоя мешаванд.

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хушомадед гуфту Абдулло Орипов бошад дар навбати худ ба забони тоҷикӣ аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард.

"Иҷозат диҳед ба шумо барои қабули ҳайъати Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намоям. Мо шодем, ки дар сарзимини меҳмондӯсти Тоҷикистон ҳастем, - гуфт Орипов ва саломи кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба президент ва мардуми Тоҷикистон расонид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, таъкид доштанд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, президент ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.