Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст президент дар деҳоти Чустии ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.