Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, таъкид кард, ки музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ахиран ба Исломобод сафар кардааст, аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол карда, афзуд, ки  агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад, буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд, ки таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя мебошад.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар навбати худ гуфтааст, ки сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст, фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад, зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ, гуфтугӯ аст.

“Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад”, - гуфт Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.