Тоҷикистон содироти молро тақрибан 50 фоиз афзоиш дод

Воридоти молҳо ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта 5,7% камтар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми содироти молҳоро тақрибан 50% афзоиш дод, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Воридот ду баробар бештар аз содирот

Ҷумҳурӣ бо 108 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад, аммо воридоти мол аз 97 кишвар нисбат ба содирот бартарӣ дорад. Ғайр аз ин, аз 65 кишвар танҳо мол ворид карда мешуд.

Ҳамин тариқ, 3,5 миллиард доллар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равонро ташкил дод, ки 7,9% ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 222,2 миллион доллар зиёдтар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, тавозуни савдо манфӣ буда, 960,1 миллион долларро ташкил додааст.

Манбаъ мегӯяд, воридоти молҳо дар давраи муайяншуда беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта 5,7% камтар аст.

Содироти маҳсулот 49,1% ё 343,9 миллион доллар афзуда, беш аз 1 миллиардро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, нишондиҳандаҳои воридоти мол аз 97 кишвар нисбат ба содироти маҳсулот бартарӣ дошта, танҳо бо 10 кишвар, содироту  воридот бо фарқияти каме бартарӣ доранд.

Афзоиши содирот дар даврони коронавирус: мақомоти Суғд гуфт, ба хориҷа чӣ содирот мекунад

Миёни ин кишварҳо Швейтсария ва Туркия будаанд, ки ба онҳо металлҳои қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта асосан содир карда мешаванд.