Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ – “UWW” тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бо сабаби пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он бозбинӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чемпионатҳои қоравӣ аввали сол, қабл аз мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба нақша гирифта шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мақомот: пас аз пандемия барои барқароршавии бахши гардишгарӣ аз 3 то 4 сол лозим аст

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла, Чемпионати Осиё миёни калонсолон 16-21 феврали соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

“Рӯзи 26-28 марти 2021 бошад, дар шаҳри Сияни Чин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио дар қораи Осиё ба нақша гирифта шудааст. Сипас, аз 29 апрел то 2 май шаҳри Софияи Булғористон мизбони мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Зикр гардид, ки фарқ миёни чемпионати ҷаҳон ва чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба далели ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон дар соли 2022 аз нав охири моҳи июн баргузор хоҳанд шуд.