Мақомот: пас аз пандемия барои барқароршавии бахши гардишгарӣ аз 3 то 4 сол лозим аст

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон эълон кардааст, ки бемории COVID-19 зарарҳои зиёде ба бахши гардишгарии кишвар расонда аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Камолиддин Муъминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон қайд кардааст, ки густариши вируси корона сабаби зарарҳои вазнин ба бахши гардишгарии Тоҷикистон шуд ва барои эҳёи дубораи ин соҳа аз се то чаҳор сол лозим аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Зебо, вале номаълум: Тоҷикистон дар феҳрасти нави кишварҳои гардишгарӣ

Ҳамзамон вай таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз иқдомҳои муҳим дар ин маврид рушди гардишгарии дохилӣ аст, ки ҳануз ҳам тоҷикистониҳо ба ин мавзӯъ тавваҷуҳ нишон намедиҳанд.

Оқои Муъминзода зикр кардааст, ки солҳои қабл сайру сафарҳои дохилӣ дар ин кишвар ба манзури ошноӣ бо ҷозибаҳои гардишгарӣ ривоҷ наёфта буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон густариши вируси корона  муҷиби аз даст додани як миллион нафар гардишгари хориҷӣ дар соли ҷорӣ шуд, ки метавонистанд манбаъҳои молии зиёде ба буҷети ҳукумати Тоҷикистон ворид кунанд.

 Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 254 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд, ки имсол ба далели густариши бемории КОВИД 19 ин раванд мутаваққиф шуд.