Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 10% коҳиш ёфтааст

Қисми зиёди маводи мухаддире, ки мехоҳанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон мусодира карда мешаванд, қайд кард Агентии назорати маводи мухаддир.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ду соли охир ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар масири шимол коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии назорати маводи мухаддири ҷумҳурӣ.

Бо афғонҳо бо овози ҳайвон гап мезад: боздошти Раҷабалӣ аз Фархор бо 70 кило нашъа

Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2017 то 2019 ҳаҷми интиқол аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.

"Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо роҳи ба истилоҳ Масири Шимолӣ аз соли 2017 инҷониб аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.  Ин ба шарофати афзоиши назарраси назорат, аз сарҳад ва то ба тамоми минтақаҳои кишвар, имконпазир гардид ", - гуфта мешавад, дар гузориши оҷонсӣ "Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020".

Гуфта мешавад, ки аксари маводи мухаддире, ки онҳо мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешаванд.

Ҳамин тавр, соли 2019 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,6 ҳазор килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 48% аз он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст.

Мақомот дигар мухаддирот намехаранд: Салимзода гуфт, чаро гардиши нашъа 2 тон кам шуд

Ин ниҳод қаблан гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давоми солҳои 2017-2020 35 гурӯҳи муташаккили ҷиноии трансмиллиро ошкор ва нест карда, инчунин 84 роҳбар ва аъзои фаъолро боздошт карданд.