Ифтитоҳи “Шаҳри афсонавӣ” дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мағозаи бузурги ““Шаҳри афсонавӣ” ифтитоҳ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Маркази ҷадиди савдо дар хиёбони Раҳим Ҷалил бо ҳузури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фаъолони шаҳр кушода шуд.

СҶБ: қарантин бояд шадидтар шавад, вагар на то 2 миллион нафар аз COVID мефавтанд

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, маркази тиҷоратии “Шаҳри афсонавӣ” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Ёқубҷон Раҳимбоев ифтитоҳ карда шуд, ки дар он асосан молу маҳсулоти ниёзи бачагона фурӯхта мешавад. Мағоза аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, масоҳати он 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

“Ба мағоза сармояи дохилию хориҷӣ бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Молҳо истеҳсоли кишварҳои Туркия ва Чин буда, бинобар дастрасӣ аз дасти аввал нисбатан аз бозор арзон аст. Тамоми намуди бозичаҳо, велосипед, аробача ва дигар таҷҳизоти талаботи наврасон дар мағоза ба фурӯш гузошта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шуд, ки маҷмуъан 174 намуди молу маҳсулоти бачагона дар мағозаи “Шаҳри афсонавӣ” ҷойгир шудааст, ки 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд шодбош гуфта, ин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамарӯза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хуҷанд дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.