Абакумов дар бораи содироти пахтаи тоҷик: ин мурғест бо тухми тиллоӣ

Чаро чунин як соҳаи умедбахш, ба монанди истеҳсоли пахта, дар Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, шарҳ дод Игор Абакумов, мутахассиси иқтисодиёти аграрӣ, дотсенти Академияи кишоварзии Маскав ба номи К.А.Тимирязев
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар бахши содироти маводҳои нассоҷии Тоҷикистон қисмати аслии онро нахи пахта ташкил медиҳад.

Тайи моҳҳои январ-августи соли 2020 Тоҷикистон беш аз 42,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷа ба маблағи беш аз 57,5 ​​миллион доллар фурӯхтааст.

 Фурӯши нахи пахта бо вазн нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% афзудааст.

"Содироти ашёи хом нишонаи иқтисоди рушднокарда аст. Тоҷикистон содироти пахтаи хомро афзоиш дод ва содироти матоъро коҳиш",- гуфт Абакумов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки содироти матоъ дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир нест ва содироти пахта ҳамеша як миқдор пул меовард. Аммо, пули бештар аз ҳисоби маҳсулоти коркардшуда ба даст меояд.

Нархи пахта 70 дирам шуд: омӯзгорону табибон ҳам ба “ҳашар” мебароянд

"Содироти пахтаи хом дурнамое надорад, бозор ҳамеша ба маҳсулоти тайёр талабот дорад. Русия миқдори муайяни пахтаро дар Тоҷикистон барои мақсадҳои нассоҷӣ ва ҳарбӣ мехарад, зеро пахта ашёи хом аст", - гуфт коршинос.

Ба гуфти коршинос, Тоҷикистон бояд барои рушди соҳаи нассоҷӣ, истеҳсоли матоъҳои нав, маҳсулоти пахтагӣ сармоягузории зиёд кунад.

Ба қавли ӯ, ҳатто аз пахта метавон масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кард, аммо, ин хеле гарон хоҳад буд, зеро дар Тоҷикистон ҳангоми чидани пахта меҳнати дастӣ бартарӣ дорад. Дар чунин ҳолат, сифат зарар мебинад ва илова бар ин, сарбории зиёди захираҳои меҳнатӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршинос, ин соҳа, метавонад мурғи тухмҳои тиллоидошта бошад, ки ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, зеро бозор бо ашёи хоми Тоҷикистон сер шудааст.