+16: театри тоҷик нахустнамоиши "Бозичаҳо"-ро ба таври онлайн дар Youtube манзур мекунад

Намоиши  "Бозичаҳо" дар бораи зиндагии наврасони муосир, хонандагони синфи 5  қисса  мекунад. Ин намоиш барои тамошобини синни аз 16 боло муайян шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом    нахустнамоиши спектакли "Бозичаҳо"-ро тариқи онлайн намоиш медиҳад.

Раиси ВМКБ ва вазири фарҳанг нахустнамоиши "Вирод" - ро тамошо карданд

Намоишнома имрӯз, 26 сентябр, соати 19:00 дар шабакаи иҷтимоии  Youtube доир менамояд.  Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба директори театри мазкур Ғайрат Қодиров хабар медиҳад.

Коргардони филми "Беслан": ҳодисаи даҳшатноктарин дар таърихи навин

Намоиши  "Бозичаҳо" дар бораи зиндагии наврасони муосир, хонандагони синфи 5  қисса  мекунад.  

"Дар ин намоиш сухан асосан сари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» меравад ва он бо шиори "Имрӯз кӯдакон – фардо мардум" дастаҷамъона навишта шудааст",-иброз намуд директори театр.

Гуфта мешавад, ки нақши мактаббачагонро дар намоиш ҳунармандони ҷавон: Фаррух Ваитов, Фарҳод Сиддиқов, Фарангис Умарова, Рухсора Неъматова ва Боҳир Баҳодурзода офариданд.

Ин нақшҳо барои 4 ҳунарманд дебютӣ буд. Ҳамчунин дар намоиш ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юнусалӣ Эргашев ва Дилбар Сулаймонова бозӣ кардаанд. 

Коргардони саҳна Фарҳод Ғаффорпур, бастакор  Фаррух Мамадов, муаллиф  Боҳир Баҳодурзода ва  рассом Тоҳир Эркабоев мебошанд.