ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин афзоиши назарраси бистарӣ кардани беморони гирифтори коронавирус дар минтақаҳои пойтахт хабар дод.
"Ба ғайр аз ошкорсозӣ, мо афзоиши ҷиддии беморон дар беморхонаҳоро мебинем. Ин тамоман шӯхӣ нест, ин маънои онро дорад, ки вазъ мураккабтар мешавад. Мо бояд эҳтиёткор бошем, талаботи табибонро риоя кунем" гуфт Собянин дар шабакаи телевизионии "Россия-1".
Тибқи иттилои ситоди фаврии назорат ва мониторинги вазъи коронавирус дар Маскав, теъдоди ҳамарӯзаи бистаришавандагон бо коронавирус дар як ҳафтаи охир тақрибан 30 дарсад афзудааст.
Ҳамзамон, шаҳрдори пойтахт қайд кард, ки мақомоти шаҳр нақша дорад, ки ҳаҷми эмкуниро алайҳи коронавирус афзоиш диҳанд ва гурӯҳҳои хавфнокро эм кунанд.
"Имрӯз мо дар беш аз як ҳазор ҳолати нав муайяншуда марзи психологиро убур кардем. Ин тамоюлро динамикаи бистарӣ кардани беморони гирифтори коронавирус низ тасдиқ мекунад", - гуфтанд дар ситод.
Дар ҳамин ҳол, қаблан беш аз панҷ ҳазор ширкатҳои Маскав аз шаҳрдори пойтахт бо тавсия оид ба интиқоли кормандон ба кори фосилавӣ вобаста ба вазъи эпидемиологӣ номаҳо гирифта буданд.
Дар пасманзари афзоиши шумораи коронавирус, мақомоти Маскав тавсия доданд, ки нафақахӯрон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин ба кори фосилавӣ гузаранд ё таътил кунанд, инчунин ба мағозаҳо ва дорухонаҳо ҳарчи камтар раванд.
Ғайр аз ин, риояи ниқоб ва дастпӯшак дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чораҳои санитарӣ дар кор муҳим аст. Тавсия дода шудааст, ки тамосро бо хешовандон ва дӯстоне, ки дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунанд, муваққатан қатъ карда шавад.
Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл
Дар ҳамин ҳол, сайру гашт ва тарбияи ҷисмонӣ дар фазои боз, мувофиқи тавсияҳои пешниҳодшуда, маҳдуд нестанд.