Довари ФИФА Саидҷон Зайниддинов аз ширкат дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд

Дар дақиқаи 56-уми бозӣ довари асосӣ баро хатоӣ зарбаи 11-метра ба дарвозаи дастаи “Файзканд” таъйин накард, қайд мекунад хадамоти матбуотӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари ФИФА Сайёҷон Зайниддиновро аз хидмати бозиҳои Лигаи футболи кишвар барои ду давра маҳрум кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ.

Кумитаи доварони ФФТ ҳисоботи нозири доварони бозии даври шонздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ “Файзканд” – “Душанбе-83” (1: 1) Абдулло Алимовро аз ноҳияи Ҳамадонӣ баррасӣ кард, ки ба сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов баҳои ғайриқаноатбахш дод.

Дар дақиқаи 56-уми бозӣ довари асосӣ баро хатоӣ зарбаи 11-метра ба дарвозаи дастаи “Файзканд” таъйин накард, қайд мекунад хадамоти матбуотӣ

Пас аз шиносоӣ ва баррасии ин масъала, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довар Сайёҷон Зайниддиновро аз тамоми бозиҳои таҳти сарпарастии ФЛТ барои ду давра маҳрум кунад.