Рӯзи 24 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 1923 маҷмааи табъу нашри "Московская правда" таъсис дода шуд.
Соли 1948 ширкати "Хонда мотор" («Honda Motor Co») таъсис ёфт.
Соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5 дарсади штирокдорон ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.
Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.
Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.
Рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2004 дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия "Марғзори равшан" сарфароз гардонида шуд.
Соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.
Соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон, сарвазири Ҷопон ва сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом дод.
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр
- Дар Қирғизистон - Рӯзи оила, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ.
- Дар Камбоҷа - Рӯзи Конститутсия.
Рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Солҳои (1253-1325) шоири форсизабони Ҳиндустон Амир Хусрав Деҳлавӣ.
Солҳои (1913-1971) Нависанда Арнолд Одинтсов
Соли 1946 профессори илмҳои технологӣ Исматбой Саидаминов.