Мулоқоти ошкорои раисон бо даҳҳо наваскарон: Оё “облава” аз байн меравад?

Дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати сарбозӣ, раисони аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон наваскаронро ба мулоқоти худ пазируфта, аз майли ихтиёран ба хизмат рафтани онҳо хуш истиқбол кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Чанде пеш вохурии Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт бо волидони наваскарони ноҳия баргузор гардида ва дар ин мулоқот аз ихтиёран ба хизмати сарбозӣ рафтани 150 ҷавон иттилоъ дода шуд.

Сулаймонзода Қурбоналӣ комиссари ҳарбии ноҳия изҳори умед намудааст, ки шумори ҷавононе, ки майли рафтан ба хизмати сарбозиро доранд сол аз сол зиёд мешавад.

“Мо бо ҷавонони ҷасуру нотарси худ фахр мекунем ва умед ба он дорем, ки сафи ҷавонони бо амри дил ба хизмат ҳозиршаванда зиёд мегардад”, гуфтааст Сулаймонзода, комиссари ноҳияи Ашт.

Дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода, раиси ин шаҳр бо як гурӯҳ ҷавонон баргузор гардид. Дар ин вохурӣ шуморе аз ҷавонон аз омодагии худ, барои ихтиёран ба хизмат рафтанро баён намудаанд.

Шикояти волидони сарбозон дар Зафаробод: писаронамонро аз карантин ба хизмат бурданд

Зимнан дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мулоқоти роҳбарон бо наваскарон ва волидони онҳо ҷараён дорад.

Баъзе аз масъулин барои ҳавасмандӣ ба ҷавононе, ки бо хоҳиши худ нияти ба хизмат сафарбаршуданро доранд, ройгон додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва бархеи дигар ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро ваъда кардаанд.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба аскарӣ моҳҳои октябр ва ноябр давом мекунад. Фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои даъвати тирамоҳии наваскарон содир шудааст ва тибқи он ҷавонони синнашон 18 -27 сола ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

"Моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 - солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд", - омадааст дар қарори раисиҷумҳур.

Чанд сол аст, ки дар ҷараёни иҷроиши нақшаи қабули наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ хабарҳо дар бораи ҳолатҳои сарбозгирӣ ва ё ба истилоҳ “облава” зиёд нашр мешаванд.

Ҳодисаи Зафарободро фаромӯш мекунанд, ё такрор?

Дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати сарбозӣ баҳори имсол як гурӯҳ волидони сарбозон дар ноҳияи Зафаробод иброз намуданд, ки писарони онҳоро, ки ҳама табиб ва дар бемористони ноҳия фаъолият мекарданд, ғайриқонунӣ ба хизмат бурдаанд.

"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд

Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, яке аз чор сорбоз дар ноҳияи Зафаробод ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия пеши худ рутбаи ҳарбии писарашро бекор намуда, ӯро ҳамроҳ бо ҳамкасбонаш ба хизмат фиристодаанд.

Ба ҳисоби Бахтиёр Ҷумъаев духтури сироятшинос, Аҳлиддин Ашрафов анастезиолог - реаниматолог, Дилшод Эшонқулов духтури асабшинос ва Шодӣ Шодиев, табиби ҷарроҳ ҳар яки онҳо баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки барои муҳассилин курси ҳарбиро низ фароҳам кардааст, бо дипломи олӣ ва билетӣ ҳарбӣ ба сифати табиб дар Беморхонаи ноҳияи Зафаробод аз рӯи касби худ ба фаъолият пардохта буданд, аммо кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия бо бекор кардани рутбаи ҳарбӣ, онҳоро пеши худ ба хизмат бурдаанд.

Дар оғози соли ҷорӣ дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қисмҳои низомии кишвар дар соли 2019, муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо вуҷуди иҷрои саривақтии нақша зиёд камбудиҳо ошкор шудааст.

Ба ҳамин далел нисбати дасти кам 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд.

“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

Зимнан дар мулоқоту вохуриҳое, ки раисон бо наваскарон анҷом медиҳанд, сули матраҳ ин аст, ки чи теъдод аз ин ҷавонони бо майли худ ба хизмат раванда писарони нафарони мансабдор мебошанд? Ва ё кифоя аст, ки нақшаи тирамоҳии даъват аз ҳисоби ин теъдод ҷавонон иҷро шуда ва дигар “облава” аз байн меравад? – посухи ин суолро вақт нишон медиҳад, яъне ҷараёни маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.