Аҳмадзода ба пахтазор рафт: ӯ ҳамроҳ бо муаллимону деҳқонҳо пахта чид

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, аз ҷараёни ғунучини пахта ва коркарди дар он корхонаҳо дидан кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Аснои сафари корияш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аҳмадзода ба бригадаи № 2-и Кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушатови ҷамоати деҳоти Исмоил ташриф оварда, бо пахтакорон суҳбат намудааст.

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд интишор намудааст дида мешавад, ки Раҷаббой Аҳмадзода бо либоси саҳроӣ дар канори деҳқон ба пахтачинӣ машғул шудааст. Аммо дар бораи чӣ қадар пахта чидани ӯ маълумот дода нашудааст.

Нархи пахта 70 дирам шуд: омӯзгорону табибон ҳам ба “ҳашар” мебароянд

Аҳмадзода ҳамчунин ба беҳтарин чинакчиёни пахта дар хоҷагии ба номи Қушатов туҳфаҳо тақдим намудааст.

Ин Кооператив, яке аз калонтарин хоҷагиҳои пунбапарвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, соли ҷорӣ дар 830 гектари он пахта кишт карда шудааст.

Бино ба иттилоъи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, то санаи 24 сентябр беш аз 16 ҳазору 429 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон бо такя ба манобеъи худ аз таъсиси Ситоди вилоятӣ «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2020» ва дар ин замина сафарбар шудани табибону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят ба пахтачинӣ иттилоъ дода буд.

Масъулин, ба пахтачинӣ сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ, омӯзгорону табибонро як роҳи дарёфти рӯзӣ аз саҳро маънидод мекунанд.

“Семоҳӣ пахта мечидам, ҳозир академикам”: Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо

Ахиран дар як ҷаласаи корӣ раиси вилояти Суғд, ба масъули хоҷагиҳо пахтакор дастур дод, ки ба коргарони кироя барои ҳар кило пахтаи чидашуда 70 дирамӣ ҳақмузд пардохт кунанд. Соли гузашта низ қиммати чиниши пахта 70 дирам муқарар шуда буд, аммо шуморе аз пахтачинҳо мегуфтанд, ки ба ҳангоми пардохти маблағ роҳбарони хоҷагиҳову корхонаҳо аз ин кори онҳо низ андоз ситонида, ба ҳисоби ӯи 30-50 дирамӣ ба онҳо ҳақ пардохт мекарданд.

Ҳосили пахта дар корхонаҳо қабул карда шуда мавриди коркард қарор мегирад. Зимнан ба пояи маълумоти расмӣ 42 корхонаи коркарди пахта дар ҳудуди Суғд фаъол будааст.

Дар умум соли ҷорӣ хоҷагиҳои Суғд дар майдони 58, 9 ҳазор гектор пунбадона кишт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 450 гектар бештар аст.

Соли гузашта, дар умум 130 ҳазору 283 тонна пахта ва ё ба истилоҳ “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.