Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кай боз мешавад?

29 сентябр Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон кушодани марзи миёни ду кишварро ба баррасӣ мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз боз шудани марзи Ӯзбекистон дарак дорем, аммо то ҳол тариқи дипломатӣ иттилоъ ба даст наовардаем.

“Ҷузъиёти ин масъала рӯзи 29 сентябр дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ хоҳад шуд. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ин маҷлис низ баррасии боз шудани марзҳо хоҳад буд. Он ҷо маълум мешавад, ки дар кадом шароит, кай ва дар кадом манотиқ марзҳо боз хоҳанд шуд", - хабар доданд аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қаблан манобеъи расмии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки 28 – 30 сентябр як ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарварии Абдулло Орифов, сарвазири он кишвар ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Ҳангоми ин сафар як ҷаласаи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон тарҳрезӣ шудааст.

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдо, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз масоили мавриди баррасии ҷонибҳост .

Дар ин миён масъалаи боз шудани марзҳо барои Тоҷикистон муҳим хоҳад буд, зеро ин кишвар ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи шиддат гирифтани пандемияи "вируси корона" дар саросари дунё ва ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ин вирус аз кишварҳои хориҷӣ марзҳояшро баста буд.
Кишварҳои сабзу зарду сурх 18 сентябр Комисияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо "вируси корона" – и Ӯзбекистон бо як қарор иҷозаи убуру мурур тариқи роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоин кишварро аз 1 октябри соли равон бо риояи қатъии қоидаҳои карантину беҳдоштӣ содир намуд.

Бино ба ин қарор, ки дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нашр шудааст, мусофироне, ки 14 рӯзи ахир дар "кишварҳои сабз" - Чин, Тайиланд, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон - қарор доштаанд, ба Ӯзбекистон бидуни маҳдудият ворид мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
Онҳое, ки аз "кишварҳои зард" - Озарбойҷон, Белорус, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ба истиснои Бритониё ва Испания) ва "кишварҳои сурх" (бақия кишварҳои ҷаҳон) меоянд, тайи 72 соат аз озмоиши "вируси корона" гузашта, дар ҳолати манфӣ будани ташхис иҷозаи вуруд ба Ӯзбекистонро пайдо мекунанд.

Атбои ҳамсояҳои девор ба девори Ӯзбекистон - Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аз роҳҳои заминӣ ба ин кишвар меоянд, бино ба қарори комиссияи махсус, аз санҷиш ё экспресс-тести "вируси корона" гузашта, 14 рӯз дар меҳмонхона ё манзили шахсӣ қарантина мешаванд.
31 кишвар Ҳамсоякишвари дигари Тоҷикистон - Қирғизистон ҳанӯз 21 август эълом дошта буд, ки марзҳояшро ба рӯи 31 кишвар боз мекунад. Бино ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо "вируси корона" – и Қирғизистон, ин кишварҳоеанд, ки дар онҳо вазъи COVID - 19 ба эътидол омадааст.

Инҳо Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Туркманистон, Белгия, Австрия, Бритониё, Олмон, Ирландия, Исландия, Итолиё, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Португалия, Туркия, Шветсария, Шведсия, Қатар, АМА, Чин, Малайзия, Куреи Ҷанубӣ, Покистон, Словения, Кувайт ва Ҷопон мебошанд.

Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин ҷамъ ҳузур надоранд. Аммо манобеъи расмии Тоҷикистону Қирғизистон хабар додаанд, ки ба ҳамин зудӣ ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт.