Агентии омор: дуздиву ғоратгарӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Агентии омори ҷумҳурӣ натиҷаҳои ҷиноятҳои дар Тоҷикистон давоми ҳашт моҳ содиршударо ҷамъбаст намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли 2020 аз 15,7 ҳазор гузашт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Манбаъ мегӯяд, ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,1% камтар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ҷиноятҳои вазнини ба қайд гирифташуда аз 3,3 ҳазор гузашт, ки нисбат ба соли гузашта 6,7% камтар аст, афзудааст манбаъ.

Аммо, тибқи иттилои Агентии омор, сабти ҳолатҳои дуздӣ (17,3%) ва ғоратгарӣ (16,7%) зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаҳои кушторҳо, суиқасд ба кушторҳо ва қаллобӣ камтар шуда,  тақрибан 10% коҳиш ёфтаанд.

Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд

Гуфта мешавад, сатҳи умумии ошкоркунии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-августи соли равон 77,3% -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта камтар аст (81,2% дар соли 2019).